«Манчестер Сити» бохтро фаромуш кардааст

«Манчестер Сити» бохтро фаромуш кардааст

Дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестер рақобати даври 29-уми Премйер-лига байни дастаҳои «Манчестер Сити» — «Вулверхэмптон Уондерерс» доир шуд. Набарди ҳарифон пуршиддат доир шуда, бо натиҷаи калони 4:1 ба суди футболбозони мизбон хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 15-ум футболбозони “МС” ниммуҳофизатгари меҳмонон - Леандер Дендонкерро маҷбур намуданд, то ки тӯбро таслими дарвозаи хеш кунад. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо қисми аввали вохӯриро ба анҷом расониданд. Дар дақиқаи 61-уми рақобат бошад, Коннор Коди аз партофти Жоау Моутиню гол зада натиҷаро баробар намуд. Аммо ин охири кор набуд, зеро футболбозони гуруснаи “МС” ташнаи гол буданд. Ҳамин тавр дар идомаи рақобат Маҳрез ва Габриэл Жезус (ду гол) дарвозаи рақибро рахна намуда, пирӯзии “МС”-ро дар ин дидори муҳим таъмин сохтанд. Бояд як чизи муҳимро қайд кард, ки дастаи Хосеп Гвардиол дар 21 бозии пай дар пайи охири хеш бохтро ёд надорад. Маротибаи охир “МС” 21-уми ноябр дар бозӣ бо «Тоттенхэм» (0:2) ноком шуда буд. Дар ҳоли ҳозир “МС” бо касби 65 хол дар садри ҷадвали ПЛА қарор дорад.

Чемпионати Англия. Премйер-лига. Даври 29-ум

«Манчестер Сити» — «Вулверхэмптон» — 4:1 (1:0)

Голҳо: Дендонкер, 15 — (худгол) (1:0). Коади, 61 (1:1). Габриэл Жезус, 80 (2:1). Маҳрез, 90 (3:1). Габриэл Жезус, 90+3 (4:1).

«Манчестер Сити»: Эдерсон, Уокер, Ляпорт, Жоау Канселу, Рубен Диаш, Де Брейне, Эрнандес, Стерлинг, Маҳрез, Бернарду Силва (Гюндоган, 82), Габриэл Жезус.

«Вулверхэмптон»: Руй Патрисиу, Хонни Кастро (Силва, 56), Коади, Семеду, Саисс, Хувер, Жоау Моутиню, Дендонкер, Невеш (Отасови, 89), Траоре, Педру Нету.