«Манчестер Сити» ҳоло ҳам ба рақибонаш раҳм намекунад

«Манчестер Сити» ҳоло ҳам ба рақибонаш раҳм намекунад

Дар бозии даври 34-уми Премйер-лигаи Англия дастаи «Манчестер Сити» дар хонааш бо тими «Нюкасл Юнайтед» вохӯрӣ кард. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи «Иттиҳод — Сити оф Манчестер» доир шуда, бо натиҷаи бузурги 5:0 ба суди “шаҳриҳо” хотима ёфт. Дар ин нерусанҷӣ голҳои “МС”-ро Гариэл Жезус, Рияд Маҳрез, Давид Силва, Раҳим Стерлинг ва Федерико Фернандес, (худгол) ба самар расониданд. Баъди ин пирӯзӣ “МС” соҳиби 69 хол шуда, дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт. Маврид ба ёдоварист, ки аллакай қаҳрамон дар Албиони туманолуд маълум гардидааст.

Чемпионати Англия. Премйер-лига. Даври 34-ум

«Манчестер Сити» — «Нюкасл Юнайтед» — 5:0 (2:0)

Голҳо: Габриэл Жезус, 10 (1:0). Маҳрез, 21 (2:0). Фернандес, 58 — (худгол) (3:0). Силва, 65 (4:0). Стерлинг, 90+1 (5:0).

«Шеффилд Юнайтед» — «Вулверхэмптон» — 1:0 (0:0)

Гол: Иган, 90+3.

«Вест Хэм Юнайтед» — «Бёрнли» — 0:1 (0:1)

Гол: Родригес, 38.