"Манчестер Сити" ситораашро аз даст доданӣ нест

"Манчестер Сити" ситораашро аз даст доданӣ нест

Дастаи “Манчестер Сити” нимҳимоятгари худ - Кевин Де Брёйнеро дар равзанаи трансферии тобистона намефурӯшад. Роҳбарияти “шаҳриҳо” фавран ҳама пешниҳодҳоро барои футболбози белгиягӣ рад карда, онро ба феҳристи бозигарони дастнораси ҳайат шомил намудааст. “Манчестер Сити” бо Кевин Де Брёйне барои тамдиди қарордод музокира мекунад. Даста итминон дорад, ки де Брёйне дар созишномаи нав имзо мекунад. Шартномаи ҷории футболбози 29-сола бо “Манчестер Сити” то соли 2023 эътибор дорад. Дар мавсими 2020/2021 Де Брёйне дар ҳамаи мусобиқаҳо бо “Манчестер Сити” 25 бозӣ гузаронида, 3 гол зада, 15 партофти головар анҷом додааст.