“Манчестер Сити” ва “Жирона” - кадом даста дар ЛЧ бозӣ мекунад

“Манчестер Сити” ва “Жирона” - кадом даста дар  ЛЧ бозӣ мекунад

УЕФА аз соҳибмулкони "Манчестер Сити" дархост кардааст, ки як қисми саҳмияҳои худро дар тими каталонии "Жирона" бифурӯшанд. Албатта агар онҳо хоҳанд, ки ҳарду даста дар мусобиқоти асосии бошгоҳҳои қитъавӣ - Лигаи Чемпионҳо ширкат кунанд. Дар ин бора The Times хабар додааст.

Агар City Football Group иштироки худро кам накунад, «Жирона» метавонад аз Лигаи Чемпионҳо ба Лигаи Аврупо гузарад.

Ҳоло City Football Group 100% саҳмияҳои “Манчестер Сити” ва 47% аз “Жирона”- ро соҳиб аст. Ҳарду тим дар кишварҳои худ ба Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтанд, аммо барои ширкат дар мавсими оянда CFG бояд ҳиссаи худро дар яке аз онҳо (бо интихоби возеҳи “Жирона”) то камтар аз 30% кам кунад.

Қайд карда мешавад, ки қоидаҳои УЕФА дар бораи моликияти чандкаратаи клубҳо барои мусобиқаҳои аврупоӣ дар мавсими оянда ба дастаҳо ин ҳафта фиристода шуданд.