"МЮ" бар ивази 100 млн фунт бозигари нав мехарад

"МЮ"  бар ивази 100 млн фунт бозигари нав мехарад

Бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" нимҳимоятгари "Нюкасл" Сандро Тоналиро ҳамчун ивазкунандаи Каземиро медонад, нафаре, ки интизор меравад тобистони имсол бошгоҳи манчестериро тарк кунад.

Тибқи иттилои The Telegraph нимҳимоятгари итолиёвӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятнок барои "манкунианҳо" дар бозори бозорӣ трансферӣ мебошад. Илова бар Тоналӣ "Манчестер Юнайтед" инчунин нисбати Эллиотт Андерсон аз "Ноттингем Форест" ва Адам Уортон аз "Кристал Пэлас" таваҷҷӯҳ дорад.

Гуфта мешавад, ки "Нюкасл" барои Тонали тақрибан 100 миллион фунт стерлинг маблағ гирифтан мехоҳад.

Каземиро ба наздикӣ эълон кард, ки ин мавсим бо "Манчестер Юнайтед" барояш охирин хоҳад буд.