"Манчестер Юнайтед" дарвозабони туркияшро ба иҷора ба "Селта" фиристод

"Манчестер Юнайтед" дарвозабони туркияшро ба иҷора ба "Селта" фиристод

Дарвозабони бошгоҳи футболи "Манчестер Юнайтед" Алтай Байиндир фаъолияти варзишии худро тариқи иҷора дар тими испании "Селта Виго" идома медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии "Манчестер Юнайтед" хабар дод.

 

Ин бозигари 28-сола мавсими гузашта шаш бозӣ дар сафи асосии "Юнайтед" анҷом дод. Ин ҳам сеюмин мавсими ӯ дар тими англисӣ баъди пайвастан аз "Фенербахче" дар соли 2023 аст. Аз замони бозии нахусти уд дар тими англисӣ вақти бозӣ зидди "Нюпорт Каунти" соли 2024 Алтай дар маҷмӯъ 17 бозӣ анҷом додааст.

Байиндир ҳоло ба Испания меравад, то ба "Селта Виго", ки мавсими гузашта таҳти роҳбарии сармураббӣ Клаудио Жиралдес дар Ла Лига ҷои шашумро ишғол карда буд, ин мавсим барои рақобат дар Лигаи Аврупои УЕФА омодагӣ мебинад.

Ҳама дар "Юнайтед" ба "Алтай" дар мавсими оянда барори кор орзу мекунанд", - гуфта мешавад дар изҳороти расмии бошгоҳи футболи “Манчестер Юнайтед”.