«Манчестер Юнайтед» ивазкунандаи де Хеаро ба зудӣ пайдо кард

«Манчестер Юнайтед» ивазкунандаи де Хеаро ба  зудӣ пайдо кард

«Интер» бо «Бавария» оиди гузариши Ян Зоммер гуфтушунидҳоро оғоз мекунад.

Бошгоҳи миланӣ пешниҳоди нахустро оиди гузариши дарвозабони 34-сола омода кардааст, иттилоъ медиҳад Фабрисио Романо. Интизор меравад, ки ҷониби «нерадзурри» ба мюнхениҳо қариб 6 миллион евро пешниҳод мекунанд, замоне, ки гузариши Андре Онана ба «Манчестер Юнайтед» расман амалӣ карда мешавад.

Ҳамчунин «Интер» иштиёқ нисбати Анатолий Трубин аз «Шахтер»-ро ҳифз мекунад – итолиявиҳо мехоҳанд Самир Хандановичро иваз кунанд.

Дар мавсими қаблии Бундеслига Зоммери шветсарӣ 29 бозӣ гузаронида, дар сафи тимҳои «Боруссия»-и Менхенгладбах ва «Бавария» баромад кард ва 39 гол ба дарвозааш сар дод.