Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин нишонзан дар таърих

Манучеҳр Ҷалилов  беҳтарин нишонзан дар таърих

Дирӯз, дар бозии даври 5-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои Мянма ва Тоҷикистон ҳамлавари тими миллии кишвар Манучеҳр Ҷалилов муаллифи дубл шуд. Ҳарчанд, ки дар дар ин бозӣ Манучеҳр ду гол ба самар расонид, аммо тими мунтахаб аз дастаи камбаҳои гурӯҳи “Ғ” Мянма бо ҳисоби 4:3 дучори нокомӣ шуд. Ҳамин тавр Манучеҳр Ҷалилов бо 17 голи задааш беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллии кишвар гардид. Ҳоло мо шуморо бо топ-10 беҳтарин нишонзанҳои мунтахаби кишвар ошно хоҳем кард.

Топ-10 беҳтарин нишонзан дар таърихи мунтахаби Тоҷикистон:

1.    Манучеҳр Ҷалилов 29 бозӣ (17 гол)

2.    Юсуф Рабиев 40 бозӣ (15 гол)

3.    Нуъмонҷон Ҳакимов 34 бозӣ (14 гол)

4.    Тоҳирҷон Муъминов 24 бозӣ (10 гол)

5.    Иброҳим Рабимов 45 бозӣ (9 гол)

6.    Фатҳулло Фатҳуллоев 68 бозӣ (9 гол)

7.    Ҷомихон Муҳриддинов 32 бозӣ (8 гол)

8.    Нуриддин Давронов 49 бозӣ (8 гол)

9.    Дилшод Восиев 50 бозӣ (8 гол)

10.  Давронҷон Эргашев 50 бозӣ (8 гол)