Мануэл Угарте бозигари “МЮ” мешавад!
Ниммуҳофизатгари уругвайии дастаи «ПСЖ» Мануэл Угарте эҳтимол бозигари тими «Манчестер Юнайтед» мегардад.
Ба гуфтаи инсайдер Фабритсио Романо - Угарте ва “Девҳои сурх” аллакай дар бораи шартҳои қарордоди ҳамкорӣ ба мувофиқа расидаанд. Рӯзноманигор Николо Скира иддао дорад, ки тарафҳо то соли 2029 шартнома мебанданд.
Ҳоло музокира бо тими “ПСЖ” идома дорад. Худи футболбоз мехоҳад, ки ба дастаи шаҳри Манчестер гузарад ва иштирок накардани “Девҳои сурх” дар Лигаи Чемпионҳо ба ин монеа эҷод карда наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки бозигари уругвайи 23-сола тобистони соли гузашта аз «Спортинг» ба «ПСЖ» гузашт. Барои интиқоли ӯ бошгоҳи шаҳри Лиссабон 60 миллион евро гирифтааст.
Дар мавсими 2023/24 нимҳимоятгар дар ҳайати “ПСЖ” дар ҳама мусобиқаҳо 37 бозӣ анҷом дода, 3 партофти головар кардааст. Угарте якҷо бо тими миллии Уругвай дар Ҷоми Амрико-2024 ҷои сеюмро гирифт.