Маоши Мбаппе дар “Реал” муайян шуд

Маоши ҳамлагари дастаи «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе тақрибан 36 миллион евро дар як сол бо назардошти мукофотпулӣ аст. Дар ин бора рӯзноманигор Рамон Алварес де Монт дар X гузориш хабар додааст.
Тими шаҳри Мадрид ба шарофати рафтани нимҳимоятгар Тони Кроос, ки тақрибан 20 миллион, ҳамлагар Хоселу (2 миллион) ва ҳимоятгар Начо Фернандес (10 миллион) даромад кард, ки ҳоло маоши Мбапперо дода истодааст. Илова бар ин, клуб ба шарофати капитан Лука Модрич, ки ҳангоми тамдиди шартномааш маоши худро ду баробар зиёд кард (аз 24 то 12 миллион) маблағро сарфа кард.
Мбаппе тобистони соли гузашта, аз ПСЖ ба сифати агенти озод ба «Реал Мадрид» гузашт. Дар мавсими ҷорӣ футболбози 25-сола 15 бозӣ анҷом дода, 8 гол ва 2 партофти головар кардааст.