Marca : Де Хеа боз ҳамдастаи Роналду мешавад!
Собиқ дарвозабони дастаи «Манчестер Юнайтед» - Давид де Хеа ба ҳайати тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ҳамвор мешавад. Дар ин бора нашрияи бонуфузи Marca хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи Арабистони Саудӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то футболбози 32-солаи испаниро ба имзои шартнома бовар кунонад.
Де Хеа тобистони имсол ҳамчун агенти озод тарки «Манчестер Юнайтед» кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дарвозабон ба ҷои Тибо Куртуаи маҷрӯҳшуда дар рӯйхати номзадҳои “Реал Мадрид” қарор дорад, аммо сармураббии бошгоҳи шаҳри Мадрид - Карло Анчелотти номзадии Де Хеаро рад кард. Бошгоҳи шоҳона Кепа Аррисабалагаро аз дастаи “Челси” ба иҷора гирифт.