Мареска: Мо бо дастаи беҳтарини ҷаҳон мубориза бурда, дар қисми зиёди вақти бозӣ бо онҳо баробар будем.

Сармураббии дастаи «Челси» Энтсо Мареска дар бораи мағлубият аз «Манчестер Сити» дар бозии даври 1-уми ПЛА сухан гуфт. Бозии дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи «шаҳриҳо» анҷом ёфт.
«Ман фикр мекунам, ки дастаи мо хуб бозӣ кард. Мо мағлуб шуданро дӯст намедорем, аммо фикр мекунам, ки мо хуб баромад кардем. Мо бо беҳтарин дастаи ҷаҳон бозӣ кардем ва дар қисми зиёди вақт баробар мубориза бурдем.
Фикр мекунам, ки имрӯз бозии мо аз бозии қаблӣ бар зидди “Интер”-и Милан дида беҳтар буд. Ба ман комилан аён аст, ки мо такмил ёфта истодаем ва ба самти дуруст ҳаракат карда истодаем», - иқтибос овардааст хадамоти матбуотии дастаи Лондон аз суханони Мареска дар вебсайти расмӣ.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 18-уми майдондорӣ «Манчестер Сити» боз кард: ҳамлагар Эрлинг Ҳоланд аз паси Бернарду Силва гол зад. Дар дақиқаи 84-ум таносубро нимҳимоятгари дастаи «шаҳриҳо» Матео Ковачич ду баробар кард. Ба ин тартиб шогирдони Гвардиола тавонистанд дар рақобат пирӯз бигарданд.