Марио Балотелли дастаашро иваз мекунад

Марио Балотелли дастаашро иваз мекунад

Ҳамлавари бошгоҳи «Брешия» Марио Балотелли шояд корномаи варзишиашро дар ягон тими амрикоӣ идома диҳад. Ёдовар мешавем, ки футболбоз қаблан аз тамринҳои дастааш маҳрум карда шуд ва президенти «Брешия» хабар додааст, ки даста рӯзҳои наздик бо Марио шартномаро қатъ мекунад.

Ба маълумоти Corriere della Sera дастаи «Лос-Анҷелес Гэлакси» ба Балотелли мароқ зоҳир намудааст. Дар мавсими ҷории Чемпионати Италия Марио дар 19 бозӣ 5 гол задааст.