Маркета Вондроушова ва Онс Жабер баҳри унвони қаҳрамонии Wimbledon-2023 мубориза мебаранд
Имрӯз, 15-уми июл дар доираи сабқатҳои Wimbledon-2023 бозии финалии рақобатҳои инфиродии бонувон миёни теннисбози чехӣ Маркета Вондроушова (зинаи 42-юми WTA) намояндаи кишвари Тунис Онс Жабер (зинаи 6-уми WTA) оғоз мешавад.
Оғози тахминии вохӯрӣ – соати 16:00 ба вақти шаҳри Душанбе.
Ҳардуи теннисбозон ягон бор дар маснади варзишӣ ҷоизаи Тоскулоҳи бузургро ба даст наовардаанд. Барои Жабер ин аллакай сеюмин финали сабқатҳои бузург (баъди US Open-2022 ва Wimbledon-2022) буда, дар маснади касбии Вондроушова – ин дуюмин финал (пас аз Roland Garros-2019) аст.
Қобили қайд аст, ки фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 44,7 млн фунт стерлингро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар ниманиҳоии мусобиқа Вондроушова теннисбози украинӣ Элина Свитолинаро (6:3, 6:3) шикаст дода. Жабер дар навбати худ бар Арина Соболенко аз Белоруссия (6:7 (5:7), 6:4, 6:3) зафар ёфт.