Марко Раҷини: “Аз бачаҳо барои талош ва фидокорӣ миннатдорам”

Марко Раҷини: “Аз бачаҳо барои талош ва фидокорӣ миннатдорам”

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини натиҷаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025-ро шарҳ дод. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи D зинаи якумро касб карда, бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё ба чемпионати ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, баромад.

«Пеш аз ҳама мехоҳам ба бачаҳо барои талош ва фидокорӣ изҳори сипос намоям. Ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои шароите, ки барои даста фароҳам оварданд, ташаккур мегӯям. Ба ҳамаи мухлисоне, ки моро дастгирӣ карданд, ташаккур!

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 пушти сар шуд. Дар як ҳафта мо бо дастаҳои мунтахаби Уммон (2:1), Кореяи Шимолӣ (0:3) ва Эрон (3:1) се бозии душвор гузаронидем, ки қувва ва нерӯи зиёдро талаб кард. На танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати рӯҳонӣ низ. Пас аз бохти калон аз тими Кореяи Шимолӣ, моро бисёр танқид карданд, аммо ин як ҷузъи футбол аст. Бинобар ин футболбозон аз ҷиҳати равонӣ фишор доштанд. Аммо мо тавонистем футболбозонро ба бозии ҳалкунанда бо Эрон омода созем. Ба назари ман ин рақобат дар замони роҳбарии ман яке аз беҳтарин бозиҳо буд.

Акнун мо ба даври чорякниҳоӣ баромадем. Мақсад доштем, ки ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гирем ва ба ин ҳадаф расидем, аммо намехоҳем бо ин қаноат кунем. Пас аз бозӣ бо Эрон ба бачаҳо гуфтам, ки ин хати ниҳоии онҳо нест, агар муттаҳид бошанд, талаботи ситоди мураббиёнро иҷро кунанд ва дар ҳар қитъаи майдон мубориза баранд, онҳо метавонанд ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил шаванд. Акнун моро муқобили дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозии душвор интизор аст. «Рақибро меомӯзем ва ба бозӣ омодагӣ мебинем», – гуфт сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 14 –уми апрел дар варзишгоҳи «Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити»-и шаҳри Ҷидда мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад. Бозӣ соати 20:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:15 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад ва тариқи шабакаи “Варзиш” мустақим намоиш дода мешавад.

ТВ "Варзиш"