Маркос Алонсо “Барселона”-ро бо “Атлетико” иваз мекунад

Маркос Алонсо “Барселона”-ро бо “Атлетико” иваз мекунад

Тобистон дар “Барселона” таҷдиди куллии даста ба нақша гирифта шудааст, ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, ки Хави дастаро тарк мекунад ё не. Бо вуҷуди ин, эҳтимол дорад, ки як бозигар дар охири мавсим бо “Барселона” видоъ кунад.

Шартномаи ҳимоятгари «Барселона» Маркос Алонсо тобистони имсол ба охир мерасад ва тибқи иттилои Cadena SER, тамдид карда намешавад. Тибқи қоидаҳо, бозигар аллакай метавонад бо дастаи дигар шартномаи пешакӣ имзо кунад, ки баъдан ба шартномаи пурра табдил дода мешавад.

Гарчанде ки ӯ то ҳол ин корро накардааст, вале миёни ӯ бо “Атлетико Мадрид” як созишномаи шифоҳӣ сурат гирифтааст ва нишондодҳои зиёде мавҷуданд, ки бозигар тобистони оянда ба “Ванда Метрополитано”-и шаҳри Мадрид мегузарад.