Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпиро кай ва аз куҷо тамошо кунем?

Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпиро кай ва аз куҷо тамошо кунем?

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио рӯзи 23 июл дар Токио (Ҷопон) дар Варзишгоҳи миллии Токио баргузор мешавад. Чорабинӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Маросими кушодашавии Бозиҳоро шабакаи ТВ “Варзиш” мустақиман манзури тамошобинон мекунад. Такрори ин маросим соати ҳамон рӯз соати 21:00 дар назар аст. Чорабинӣ бидуни тамошобинон баргузор мешавад. Аввалин шуда ба майдон тими миллии Юнон ва охирин - Ҷопон ворид хоҳанд шуданд. Пас аз он, варзишгарон, мураббиён ва шахсони расмӣ савганд ёд мекунанд, сипас Бозиҳо расман кушода мешаванд.

Олимпиадаи Токио 23 июл оғоз ва 8 август ба поён мерасад. Дар он тақрибан 12,500 варзишгар иштирок мекунанд.