Маросими тақдими «Тӯби тиллоӣ» наздик мешавад

Маросими тақдими «Тӯби тиллоӣ» наздик мешавад

Маҷаллаи машҳури France Football санаи баргузории маросими ҷоизасупории «Тӯби тиллоӣ» -ро эълон кард. Ин чорабинӣ 29-уми ноябр дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад. Соли 2020 маросими ҷоизасупории «Тӯби тиллоӣ» бо сабаби пандемияи коронавирус баргузор нашуда буд.

Хабар дода мешавад, ки France Football дар соли 2021 якбора ду ҷоиза тақдим мекунад, ки ин аввалин бор дар таърих аст. Эҳтимол аст, ки Роберт Левандовски соҳиби «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2020 шавад.

Дар моҳи июл пойгоҳи варзишии Goal.com рейтинги довталабони ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро, ки дар охири соли 2021 пешниҳод карда мешавад, нав кард. Дар рӯйхати довталабон ҳамлагари аргентинии дастаи «ПСЖ» Лионел Месси пешсаф аст. Ҳамлагари «Бавария» Роберт Левандовски ва нимҳимоятгари «Челси» Н'Голо Канте дар сегонаи беҳтарин ҷой гирифтанд.