Маросими қуръакашии тақвими Чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор гардид

Маросими қуръакашии тақвими Чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор гардид

Як моҳ қабл аз оғози мавсими нав дар маҷмааи “Кохи Парфенон”-и пойтахт маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.

Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон бо иштироки меҳмонони зиёд доир шуд. Қуръакаширо собиқ бозигарони маъруфи тими миллии Тоҷикистон – Юсуф Рабиев  ва Ҷамшед Исмоилов гузарониданд.

Дар 35-умин чемпионати Тоҷикистон дувоздаҳ бошгоҳ иштирок мекунад – “Истиқлол”, КМВА (ҳарду аз Душанбе), “Вахш” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳарду аз Хуҷанд), “Ҳосилот” (Фархор), “Регар-ТадАЗ”, “Сардор” (ҳарду аз Турсунзода), “Барқчӣ” (Ҳисор), “Истаравшан” (Истаравшан) ва “Парвоз” (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд).

Мавсими нав дар ду марҳила сурат гирифта, ҳар як даста бо ҳар рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад. Дар натиҷа ҳар як бошгоҳ дар доираи чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи охиринро мегирад, ба лигаи якум меафтад. Бошгоҳе, ки зинаи ёздаҳумро ишғол менамояд, бо дастаи дуюми лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Натиҷаи қуръакашии тақвими Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ ва бозиҳои даври якуми мусобиқа чунин мебошад.

“Регар-ТадАЗ” – “Равшан”

“Истиқлол” –“Сардор”

“Парвоз” –“Истаравшан”

“Ҳосилот” – КМВА

“Хуҷанд” –“Эсхата”

“Вахш” –“Барқчӣ”

Оғози мавсими нави Лигаи олии Тоҷикистон 6 март ба нақша гирифта шудааст. Қаҳрамони феълии мусобиқа бошгоҳи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад.