"Марсел" дар пойгаи қаҳрамонӣ ба "ПСЖ" наздик мешавад

"Марсел" дар пойгаи қаҳрамонӣ ба "ПСЖ" наздик мешавад

Дастаи футболи "Марсел" баъди пирӯзиаш дар даври 16-уми Лигаи 1-уми Фаронса ба пешсафи ҷадал, тими "Пари Сен Жермен" наздиктар шуд. Шогирдони Андре Виллаш -Боаш дар дидори сафарӣ "Анже"-ро бо голҳои задаи Морган Сансон дар дақиқаи 17-ум ва Дмитрий Пайет 41-ум пирӯзии нуҳуми хешро дар ин мавсим ба даст оварданд. Дастаи "Марсел" ҳоло бо 31 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Вохӯрии навбатӣ, 8-уми декабр дар варзишгоҳи "Велодром"-и Марсел бо дастаи "Бордо" сурат мегирад.