Дар бозии мавқуфмондаи даври аввали Лигаи 1-и Фаронса бошгоҳи "Марсел" дар майдони худ бо дастаи "Сент-Этиен" рақобат намуд. Нерӯсанҷии дастаҳо дар варзишгоҳи "Велодром" баргузор гардида, бо натиҷаи 0:2 ба фоидаи "Сент-Этиен" анҷом пазируфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 6-уми бозӣ ниммуҳофизатгари фаронсавии меҳмонон – Ромен Амума боз намуда, дастаашро ба пеш баровард. Қисми якуми қувваозмоии бошгоҳҳо бо ягона голи меҳмонон ба охир расид. Дар қисмати дуюми бозӣ низ футболбозони "Сент-Этиен" бозиро ба даст гирифта, тавонистанд, ки дар дақиқаи 76 тавассути голи задаи Буанга Денис натиҷаро 0:2 намоянд. Пас аз ин ғалаба дастаи "Сент-Этиен" ба садри ҷадвали мусобиқа баромад. Тими "Марсел" бошад, мутаносибан дар зинаи 6-ум мавқеъ гирифт.