“Марсел” расман оиди истеъфои сармураббӣ Де Зерби эълон намуд

“Марсел” расман оиди истеъфои сармураббӣ Де Зерби эълон намуд

Мураббии итолиёвӣ Роберто Де Зерби бо роҳбарияти бошгоҳи фаронсавии “Марсел” оиди қатъ кардани шартномаи корӣ пеш аз анҷоми мӯҳлат ба мувофиқа расид. Ин пас аз бохт бо ҳисоби 0-5 бар “ПСЖ” дар бозии даври 21-уми Лигаи 1-и Фаронса иттифоқ афтод. Оиди истеъфои сармураббӣ дар сомонаи расмии бошгоҳ эълон шудааст.

Фаронса - Лигаи 1. Даври 21-ум

9 феврали соли 2026, душанбе. 00:45 ДШБ

“ПСЖ” (Париж) 5:0 “Марсел” (Марсел)

1:0 Дембеле – 12' 2:0 Дембеле – 37' 3:0 Медина – 64' 4:0 Кваратсхелия – 66' 5:0 Ин – 74'

"Ин қарори душвори дастаҷамъонае буд, ки пас аз муҳокимаи бодиққат ба манфиати бошгоҳ барои ҳалли мушкилоте, ки дар охири мавсим ба миён омадаанд, қабул карда шуд", - гуфта мешавад дар изҳороти бошгоҳӣ.

Роберто Де Зерби аввали мавсими 2024/25 роҳбарии бошгоҳи “Марсел”-ро ба ӯҳда гирифт ва бошгоҳро дар чемпионати Фаронса ба ҷои дуюм бурд. Бо вуҷуди ин мавсими ҷорӣ барои даста он қадар барор нагирифт: пас аз 21 бозии Лига 1-ум “провансалҳо” бо 39 имтиёз дар ҷои чоруми ҷадвал қарор доранд, ки 12 хол аз пешсафон қафо мондаанд. Дар Лигаи Чемпионҳо мавсими ҷорӣ даста таҳти роҳбарии Де Зерби камтар муваффақ буд: “Марсел” рақобатҳои марҳилаи гурӯҳиро дар маҷмӯъ дар ҷои 25-ум ба анҷом расонд, ки ин ба даста имкон надод то ба плей-офф роҳ ёбад.