Марселино Торал беҳтарин мураббии моҳ дар Ла Лига эътироф шуд
Раъйдиҳӣ барои ҷоизаи беҳтарин мураббии моҳи ноябр дар Ла Лигаи Испания ба анҷом расид. Марселино Торал аз “Вилярреал” ин ҷоизаро ба даст овард.
Дар раъйдиҳӣ, Марселино аз мураббии “Атлетико Мадрид” Диего Симеоне ва мураббии “Барселона” Ҳанс-Дитер Флик пеш гузашт.
Тими “Вилярреал” дар моҳи ноябр 4 бозӣ анҷом дода, 4 ғалабаро ба қайд гирифт. Дар ин давра, “Вилярреал” дар майдони худ “Райо Валйекано”- ро бо ҳисоби 4 бар 0, “Эспанйол”-ро бо ҳисоби 2 бар 0 дар меҳмонӣ, “Малйорка”-ро дар майдони худ бо ҳисоби 2 бар 1 ва дар майдони худ зидди “Реал Сосйедад” бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯзӣ ба даст овард.
Ҳоло тими Марселино Торал бо 32 имтиёз дар ҷадвали Ла Лига дар ҷои сеюм қарор дорад, ки аз пешсафи мусобиқа "Барселона" ду имтиёз қафо мондааст.