Машқҳои ниҳоии "Персеполис" пеш аз бозӣ бо "Истиқлол"

Машқҳои ниҳоии "Персеполис" пеш аз бозӣ бо "Истиқлол"

Дастаи "Персеполис"-и Эрон машқҳои охирини худро пеш аз бозӣ бо тими "Истиқлол" доир намуд. "Персеполис" финалисти Лигаи чемпионҳо дар соли 2018 ва 2020 мебошад. Яке аз дастаҳои серҷоизатарини Эрон ба ҳисоб меравад. 12 карат барандаи медали тиллои Чемпионати Эрон мебошад. Бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои Осиё миёни тимҳои "Истиқлол" ва "Персеполис" 14 сентябр соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешавад.