Машҳуртарин шореҳи рус даргузашт

Машҳуртарин шореҳи рус даргузашт

Яке аз шореҳони машҳури рус - Юрий Розанов имрӯз, дар синни 59-солагӣ даргузашт. Дар ин бора ҳамкори ӯ Михаил Моссаковский хабар дод.

«Юрий Розанов даргузашт. Пас аз 15 дақиқаи пахши мустақим аст. Намедонам чӣ гуна кор кунам», - навиштааст Михаил Моссаковский дар саҳифаи «твиттераш».

Вақтҳои охир Розанов бар асари бемории саратон ранҷ мебурд. Дар ҷараёни мубориза бар зидди саратон Розанов борҳо аз курсҳои химиотерапия гузаштааст. "Ман ё мемирам ё кор мекунам" гуфт ӯ дар як мусоҳибаи тобистона.

Розанов дар телевизион ва радио кор мекард. Вай асосан бозиҳои футбол ва хоккейро шореҳӣ мекард. Дар соли 2012 ӯ ба ҷоизаи TEFI ҳамчун беҳтарин шореҳи варзиш дар Россия қадрдонӣ шуда буд.