Маскерано: “Орзу дорем, ки Неймарро дар “Интер Майами” бубинем”

Маскерано: “Орзу дорем, ки Неймарро дар  “Интер Майами” бубинем”

Сармурабии дастаи “Интер Майами” Хавйер Маскерано дар бораи гузариши эҳтимолии ҳамлагари бразилии “Ал- Ҳилол” Неймар ибрози назар кард.

“Ман дар бораи Неймар ҳарф зада наметавонем, зеро мо чизе надорем. Вай бешубҳа бозигари бузург аст. Ҳар як мураббӣ мехоҳад чунин футболбозро дар дастааш бинад, аммо шумо қоидаҳои MLS-ро дар бораи ҳаддӣ ниҳоии маош медонед. Ҳозир мо имкони имзои шартнома бо Неймар-ро надорем”. Фишурдаи суханони Маскераноро нашрияи Goаl иқтибос овардааст.

Дар тӯли фаъолияташ футболбози бразилӣ дар дастаҳои “Сантос” “Барселона”ва “ПСЖ” бозӣ кардааст. “Неймар” дар тамоми мусобиқаҳо 225 бозӣ анҷом дода ба задани 136 гол ва 64 партофти головар даст ёфтааст.