Мастантуоно ҷавонтарин бозигар дар таърихи “Реал Мадрид” шуд, ки ....

Мастантуоно ҷавонтарин бозигар дар таърихи “Реал Мадрид” шуд, ки ....

Вингери “Реал Мадрид” Франко Мастантуоно дар синни 18-солу 33-рӯзагӣ аз дақиқаҳои аввал дар бозии даври 1-уми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои УЕФА бар зидди “Марсел” (2:1) вориди майдон шуд. Ба ин тартиб, футболбози аргентинӣ ҷавонтарин бозигар дар таърихи “Реал Мадрид” гардид, ки ба ҳайати асосӣ барои бозии Лигаи чемпионҳо шомил шуд.

Қаблан, ин рекорд ба Эндрик тааллуқ дошт, ки моҳи ноябри соли 2024 дар синни 18-солу ва 73-рӯзагӣ дар ҳайати асосии “Реал Мадрид” ба майдон баромада буд.

Ёдовар мешавем, ки созишномаи амалкунандаи Мастантуоно бо тими шаҳри Мадрид то тобистони соли 2031 эътибор дорад. Тибқи иттилои портали Transfermarkt, арзиши бозории ин футболбоз €30 миллионро ташкил медиҳад.