Матлубахон Сатториён дар маросими ботантанаи ифтитоҳи 2-юм Бозиҳои ИДМ дар Белорус иштирок намуд

Матлубахон Сатториён дар маросими ботантанаи ифтитоҳи  2-юм Бозиҳои ИДМ дар Белорус иштирок намуд

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар маросими ботантанаи ифтитоҳи 2-юм Бозиҳои ИДМ дар Белорус иштирок намуд.

Дар чорабинӣ, ки дар 10 шаҳри Белорус баргузор мешавад, меҳмонон ва варзишгарони зиёда аз 20 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.

Дар ҷараёни сафар муовини Сарвазири Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Белорус ташриф оварда, бо фаъолияти кумитаи тадорукоту ҳамоҳангсозӣ ва маркази матбуотии Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ шинос гардид.

Пас аз шиносоӣ бо равандҳои ташкилии мусобиқаи варзишӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Белорус Игор Петришенко мулоқот намуд. Муовини сарвазири Белорус ба ҷониби Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи варзишгарони Тоҷикистон дар бозиҳо, ки дар 14 намуди варзиш дар ҳайати беш аз 150 варзишгар рақобат мекунанд, изҳори сипос намуд.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон бо вазири варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Белорус Сергей Ковалчук мулоқот намуда, бо Маҷмааи ёдгории давлатии «Хатынь» шинос шуда, ба пояи муҷассамаи «Одами таслимнашуда» («Непокоренный человек») гулдаста гузоштанд.