Мавқеи Тоҷикистон дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Мавқеи Тоҷикистон дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар ду бозии охири хеш аллакай ба дарвозаи яккачинҳои Шри – Ланка (8:0) ва Қувайт (9:0) 17 гол ба самар расонидаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки футболбозони навраси мо барои мубориза бар зидди абардастаҳои ҷаҳонӣ омодаанд. Пас аз баргузории ду бозӣ тими миллии то 16 солаи мо бо касби 6 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “А” ба ҳисоб меравад. Футболбозони тоҷик бозии навбатии худро фардо 19-уми сентябр бар муқобили Непал баргузор мекунанд.