Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз, 16-уми сентябр рейтинги нави худро мунташир сохт, ки тибқи он мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз карда, бо касби 1157.77 имтиёз ба зинаи 118-ум фаромад. Дар байни кишварҳои Осиё бошад, аз ҳама натиҷаи беҳтарро мунтахаби Эрон дорад, ки бо касби 1538.08 хол дар зинаи 22-юми радабандӣ қарор дорад. Дар рейтинги КФО бошад, мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 21-ум мавқеъ касб намудааст. Дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА кишвари Белгия бо 1832.33 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1811.73 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Англия 1755.44 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 116-ум қарор дошт.

Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

1. Белгия (1832.33)

2. Бразилия (1811.73)

3. Англия (1755.44)

4. Фаронса (1754.31)

5. Италия (1735.73)

6. Аргентина (1725.31)

7. Португалия (1674.9)

8. Испания (1673.68)

9. Мексика (1666.19)

10. Дания (1658.49)

...

118. Тоҷикистон (1157.77)