Мавсим барои Рафаэл Надал хотима ёфт

Мавсим барои Рафаэл Надал хотима ёфт

Сомонаи расмии ESPN хабар медиҳад, ки ракеткаи дуюми ҷаҳон теннисбози испанӣ - Рафаэл Надал шояд аз иштирок дар мусобиқаҳои кушоди Фаронса ва ИМА даст кашад. Мусобиқаи кушоди Фаронса бояд аз 25-уми май то 7-уми июн доир мешуд, вале бо сабаби хуруҷи коронавирус ин чорабинӣ ба моҳи сентябр гузаронида шуд. Рафаэл Надал қаҳрамони феълии Roland Garros ва US Open ба ҳисоб меравад. Дар сурати иштирок накардан дар ин мусобиқа испанӣ 2 ҳазор имтиёзро аз даст медиҳад. Баъзе аз сомонаҳо менависанд, ки ин мавсим Рафаэл Надал дар ягон мусобиқа иштирок намекунад.