Майкл Олисе бо “Бавария” то соли 2029 шартнома имзо кард
Дафтари матбутии бошгоҳи “Бавария” аз гузариши ниммуҳофизатгари фаронсаии тими “Кристал Пэлас” - Майкл Олисе хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ шартнома бо Олисе то соли 2029 ба имзо расонида шудааст.
"Музокирот бо "Бавария" хеле мусбат буд ва ман хеле шодам, ки акнун дар чунин як клуби бузург бозӣ мекунам. Ин як мушкили бузург аст ва маҳз ҳамон чизест, ки ман дар ҷустуҷӯ будам.
Ман мехоҳам, ки худро дар ин сатҳ нишон диҳам ва саҳми худро дар он гузорам, ки дар солҳои оянда бо дастаи худ ҳарчӣ бештар унвонҳоро ба даст орем" гуфтааст, Олисе.
Ёдовар мешавем, ки бозигари 22-солаи фаронсавӣ пас аз гузаришаш аз "Рединг" се сол дар ҳайати тими шаҳри Лондон баромад карда, дар 90 бозӣ 16 гол ва 25 ирсоли головар дар ҳисоб дорад.