Майкл Ҷордан – сердаромадтарин варзишгар дар таърих
Портали маъруфи амрикоии Sportico рӯйхати сердаромадтарин варзишгарони таърихи ҷаҳонро нашр кард. Дар садри ин феҳрист баскетболбози афсонавӣ, шашкарата қаҳрамони Ассотсиатсияи миллии баскетбол (NBA) Майкл Ҷордан қарор дорад.
10 варзишгари сердаромад тибқи фарзияи Sportico дар таърих:
1. Майкл Ҷордан — $4,5 млрд (бо дарназардошти инфлятсия) / $3,28 млрд - баскетбол.
2. Тайгер Вудс — ($ 2,88 млрд; $ 1,97 млрд) — голф.
3. Криштиану Роналду ($ 2,52 млрд; $ 2,09 млрд) — футбол.
4. Леброн Ҷеймс ($ 2,03 млрд; $ 1,62 млрд) — баскетбол.
5. Лионел Месси ($1,99 млрд; $ 1,62 млрд) — футбол.
6. Арнолд Палмер ($ 1,85 млрд; $ 885 млн) — голф.
7. Ҷек Никлаус ($ 1,83 млрд; $ 930 млн) — голф.
8. Дэвид Бекхэм ($ 1,68 млрд; $ 1,26 млрд) — футбол.
9. Роҷер Федерер ($ 1,67 млрд; $ 1,29 млрд) — теннис.
10. Флойд Мейвезер-хурдӣ ($ 1,57 млрд; $ 1,16 млрд) — бокс.
Ба ин тартиб, Ҷордан на танҳо дар майдони баскетбол, балки аз рӯи даромади умумӣ низ дар таърих пешсаф боқӣ мемонад.