Маъюбиҳам сари роҳи Ҳасанро гирифта наметавонад

Маъюбиҳам сари роҳи Ҳасанро гирифта наметавонад

Ҳасан Ғафуров як навраси тоҷик талош дорад, ки дар мусобиқаҳои гуштини тарзи ҷудо бо як даст бар ҳарифони солимаш ғолиб ояд. Ба гуфтаи муттахасисони соҳаи варзиш иштирок дар мусобиқаҳо барои нафарони маъюб хусусан дар гуштин роиҷ нест, аммо бино бар қобилияти фавқулодааш, мураббиёни ин ришта ба ӯ иҷозаи иштирок дар мусобиқаҳоро додаанд. Орзуи ӯву устодонаш иштирок дар Бозиҳои паралимпӣ аст.

Ҳасан Ғафуров сарфи назар аз ин ки аз модар бо як даст зода шудааст, 4 сол боз дар толори варзишии "Ланглиф" маъруф ба толори гуштингирии Устопировҳо дар риштаи ҷудо тамрин мекунад. Ин паҳлавони 11-сола дар ду соли охир ғолиби ҳашт мусобиқаи минтақаӣ ва байналмилалӣ шудааст. Охирин пирӯзии ӯ рӯзи 1-уми ноябр дар вазни 24 кило дар мусобиқаи кушоди гуштии ҷудо дар вилояти Суғд буд. Ӯ дар ин мусобиқа 5 ҳарифашро шикаст дод.