Мбаппе аз ван Нистелрой пеш гузашта, бо Мюллер баробар шуд

Мбаппе аз ван Нистелрой пеш гузашта, бо Мюллер баробар шуд

Ҳамлагари “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе голҳои 56-ум ва 57-умашро дар Лигаи чемпионҳои Аврупо дар бозӣ зидди “Марсел” ба самар расонид. Бозӣ бо “Марсел” бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Реал Мадрид” дар даври аввали марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо ба ҳадаф расонид.

Мбаппе аз собиқ ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” ва “Реал Мадрид” Руд ван Нистелрой пеш гузашт. Ван Нистелрой ба задани 56 гол ноил шуда буд.

Ҳамзамон, Мбаппе бо собиқ ҳамлагари “Бавария” Томас Мюллер баробар шуд.

Дар айни ҳол, тибқи ин нишондод, Мбаппе ва Мюллер пас аз собиқ бозигари “Реал Мадрид” Раул ҷойгиранд, ки дар 142 бозӣ 71 гол задааст.

Беҳтарин голзани таърихи Лигаи чемпионҳо собиқ ҳамлагари “Манчестер Юнайтед”, “Реал Мадрид”, “Ювентус” Криштиану Роналду ба ҳисоб меравад. Криш дар 183 бозӣ 140 гол задааст.