Мбаппе ба дастоварди нав ноил гардид

Мбаппе ба дастоварди нав ноил гардид

Ҳамлавари фаронсавии бошгоҳи "ПСЖ" Клиан Мбаппе аввалин бозингаре шуд, ки дар ҳама даврҳои мавсими соли 2019-2020 ба задани гол даст ёфтааст. Форварди фаронсавӣ дар бозии 1/4 ниҳоии Ҷоми Фаронса муқобили дастаи "Дижон"(6:1) муаллифи гол шуда, аввалин бозингаре шуд, ки дар панҷ даври мавсими ҷорӣ гол мезанад. Дар мавсими солҳои 2019-2020 дар ҳисоби Мбаппе 24 гол сабт гардидааст. Ӯ 15- голро дар чемпионати Фаронса, 2- гол дар ҷоми лигаи Фаронса, 5- гол дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва як голии дигар дар Ҷоми Фаронса ва Суперҷоми ин кишвар ба самар расонидааст. Мбаппе тобистони соли 2018 бо маблағи 145 млн евро ба бошгоҳи шаҳри Париж омад.