Мбаппе ба рӯйхати топ-10 беҳтаринҳои таърих шомил шуд

Мбаппе ба рӯйхати топ-10 беҳтаринҳои таърих шомил шуд

Ҳамлавари ҷавони бошгоҳи «ПСЖ» Килиан Мбаппе ба рӯйхати топ-10 беҳтарин ҳамлаварони таърихи ин даста шомил шуд. Мбаппе дар бозии даври 16-уми Лигаи якуми Фаронса бар муқобили “Нант” (2:0) муаллифи гол шуд. Ҳамин тавр ӯ дар 101 бозии расмӣ ба задани 71 тӯб даст ёфтааст, ки ин гол ӯро ба зинаи 10-уми беҳтарин нишонзанҳои таърихи ин даста бурд. 

Рӯйхати топ-10 беҳтарин нишонзан дар таърихи “ПСЖ”:

1. Эдинсон Кавани – 195 гол

2. Златан Ибрагимович – 156

3. Педру Паулета – 109

4. Доминик Рошто – 100

5. Мустафо Далеб – 98

6. Франсуа М’Пеле – 95

7. Сафет Сушич – 85

8. Анхел Ди Мария – 78

9. Раи – 72

10. Карлос Бянки, Килиан Мбаппе – 71.