Мбаппе бори аввал дар ҳайати “Реал Мадрид” соҳиби “Кафши тиллоӣ” шуд
Ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-ро дар мавсими 2024/25-и футболи Аврупо ба даст овард. “Кафши тиллоӣ” –ро дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” ба Мбаппе супориданд.
Бояд гуфт, ки “Кафши тиллоӣ” бар асоси ҷамъбасти холҳо барои голҳо супорида мешавад. Лигаҳои пешсафи аврупоӣ бо коэффитсиенти 2 ҳисоб мешаванд, бинобар ин Мбаппе барои 31 гол 62 хол ба даст овард.
Ҷойи дуюмро Виктор Дёкереш гирифт. Ӯ нисбат ба Мбаппе бештар — 39 гол зад, аммо дар Чемпионати Португалия, ки коэффитсиенти он 1,5 аст, ҳамагӣ 58,5 хол ҷамъ овард.
Ҳамчунин, Мбаппе аввалин бозигари “Реал Мадри” шуд, ки “Кафши тиллоӣ”-ро пас аз Криштиану Роналду ба даст овард. Роналду дар мавсими 2014/15 соҳиби “Кафши тиллоӣ” дар ҳайати “Реал Мадрид” шуда буд.
Дар айни замон, Килиан Мбаппе ва дигар бозигарони “Реал Мадрид” ба бозии Ла Лига муқобили “Валенсия” омодагӣ мебинанд. Ин бозӣ имрӯз, 1-уми ноябр баргузор шуда, соати 00:50 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. ТВ “Варзиш” мустақим бозиро манзури ҳаводорон мегардонад.