Мбаппе дар бораи ояндаи худ тасмим гирифт

Мбаппе дар бораи ояндаи худ тасмим гирифт

Ҳамлагари "ПСЖ" Килиан Мбаппе мехоҳад дар охири мавсим бошгоҳи фаронсавиро тарк кунад. Тибқи иттилои телевизиони El Chiringuito, футболбоз аллакай дар бораи ояндаи худ тасмим гирифтааст ва изҳор кардааст, ки дар дастаи “Реал” бозӣ кардан мехоҳад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Мбаппе "ПСЖ"-ро дар бораи нияти тарк кардани даста дар охири мавсим огоҳ кардааст.

Дар мавсими гузашта Мбаппе дар 37 бозии расмии дастааш ширкат варзида, ба задани 30 гол ноил шудааст. Инчунин, 19 партофти головар низ анҷом додааст.