Мбаппе: Ман дар “ПСЖ” дида дар ҳайати мунтахаб озодтар мебошам...

Мбаппе: Ман дар “ПСЖ” дида дар ҳайати мунтахаб озодтар мебошам...

Ҳамлагари тими “ПСЖ” ва мунтахаби  Фаронса -  Килиан Мбаппе дар бораи пирӯзии дастааш дар Лигаи Миллатҳо муқобили яккачини Австрия (2:0) изҳори назар кард. Дар ин бора хабаргузории L'Equipe иқтибос овардааст.

"Дар тими миллӣ ман дигар хел бозӣ мекунам. Дар ин ҷо аз ман чизе талаб карда мешавад, ки дар бошгоҳ аз ман талаб намекунанд. Дар ин ҷо ман озодии бештар дорам. Чунки  мураббӣ медонад, ки ӯ рақами 9 дорад, ба мисли Жиру, ки дар дифоъ кор мекунад ва дар он вақт ман метавонам дар ҷое наздик бошам ва имкони ба фазои озод давиданро ҷустуҷӯ кунам. Дар “ПСЖ”  онҳо аз ман талаб мекунанд, ки амиқтар бозӣ кунам, фарқият дар ҳамин аст. Албатта, ба ман маъқул аст, мисли даста. Вазъияти ҷисмониам хело  хуб аст ва  ман умедворам, ки рӯзи якшанбе бо Дания бозӣ мекунам."

Ёдовар мешавем ,ки мунтахаби Фаронса бо ҳисоби 2 бар 0 яккачини Австрияро мағлуб кард. Голҳоро дар ин вохӯрӣ Мбаппе ва Жиру ба самар расониданд.

Натиҷаи вохӯриҳои Лигаи миллатҳо: