Мбаппе мавсими 2024-ро бо сабаби осеб аз даст дод

Ҳамлагари «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе метавонад ба далели ҷароҳате, ки дар бозии даври 6-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо бо «Аталанта» (3:2) гирифта буд, то охири соли 2024-ро аз даст диҳад. Дар ин бора TyC Sports хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, хусусияти ҷароҳати Килиан ҳанӯз муайян нашудааст. Лек гуфта мешавад, ки дар сурати ҳатто андаке нороҳатии мушакҳо, фаронсавӣ дар бозии навбатии Ла Лига бо “Райо Вальйкано” рӯзи 14-уми декабр бозӣ намекунад. Эҳтимол Мбаппе дар финали Ҷоми байниқитъавӣ-2024 рӯзи 18 –уми декабр низ иштирок карда натавонад. Дар сурати осеби ҷиддӣ Мбаппе дар бозии ниҳоии Ла Лига дар соли 2024 бо “Севиля”, ки рӯзи 22-юми декабр дар назар аст, ширкат намеварзад.
Илова бар ин, тибқи иттилои EL Chiringuito, Мбаппе ва Винисиус имрӯз аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Винисиус низ пас аз осеби ба майдон баргашатааст, андаке худро нороҳат ҳис мекунад.