Мбаппе: “Роналду дар “Реал Мадрид” бозигари рақами як аст”

Мбаппе: “Роналду дар “Реал Мадрид” бозигари рақами як аст”

Ҳамлагари фаронсавии дастаи “Реал” - Килиан Мбаппе ба савол дар бораи муқоисаи ӯ бо собиқ бозигари тими шаҳри Мадрид Криштиану Роналду посух дод.

“Намедонам чӣ тавр ба ин савол ҷавоб диҳам. Ҳама медонанд, ки Криштиану барои “Реал Мадрид” бозигари рақами як аст. Ман ҳамагӣ якуним сол аст, ки дар ин ҷо бозӣ мекунам. Роналду 9 сол дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ карда, ба дастовардҳои бузург нои шудааст, аз ҳамин хотир, худамро бо ӯ муқоиса карда наметавонам. Роҳи ман дар “Реал” дигар аст.

Ман мехоҳам муваффақ шавам, аммо бо Криштиану дар як радиф зикр шудан, барои ман аллакай манбаи ифтихор аст. Бо ин вуҷуд, танҳо ба муваффақияти даста фикр мекунам ва мехоҳам ба он ёрӣ расонам, то ҳамаи унвонҳои имконпазирро ба даст орад”, — гуфтааст Мбаппе дар мусоҳиба бо Marca.

Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду аз соли 2009 то 2018 дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ кардааст. Дар ин давра ӯ беҳтарин голзани таърихи клуб гардид — дар ҳамаи мусобиқаҳо 450 гол дар 438 бозӣ ба самар расонид. Мбаппе бошад, аз тобистони соли 2024 дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ мекунад ва то имрӯз дар 72 бозӣ 60 гол ба нишон расондааст.

Мавриди зикр аст, ки дирӯз Килиан Мбаппе ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-ро дар мавсими 2024/25-и футболи Аврупо бо 31 гол ҳамчун беҳтарин нишонзад ба даст овард.

Ҳамин тавр, Мбаппе аввалин бозигари “Реал Мадри” шуд, ки “Кафши тиллоӣ”-ро пас аз Криштиану Роналду ба даст овард. Роналду дар мавсими 2014/15 соҳиби “Кафши тиллоӣ” дар ҳайати “Реал Мадрид” шуда буд.