Меҳрон Шафиев дар даври чаҳорякниҳоӣ ноком шуд
Дар шаҳри Чиангмайи Таиланд Чемпионати Осиё оиди бокс доир гардида истодааст, ки онҷо 9 муштзани тоҷик иштирок доранд. Дар рӯзи ҳафтуми мусобиқа кишвари моро Меҳрон Шафиев дар вазни 48 килограмм муаррифӣ кард.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ Меҳрон Шафиев бо намояндаи Қазоқистон Тешкинбай Санжар нерӯсанҷӣ кард. Дар ин қувваозмоӣ муштзани мо нисбат ба ҳариф дар ринг камфаъол буд ва бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 0 бар 5 мағлуб гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали мусобиқа Шафиев намояндаи Қирғизистон Анваржан Ходжиевро бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст дода буд.
Аз миёни муштзанони тоҷик, Акмал Убайдов, Шукрат Саломатов , Шаҳобҷон Шукуров, Саидов Аҳмадҷон ва Парвиз Каримов дар даври нимниҳоӣ рақобатро идома медиҳанд. Меҳрон Шафиев , Хусравхон Раҳимов , Абдумалик Болтаев ва Миҷгона Самадова мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.
Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё оиди бокс дар шаҳри Чиангмайи Таиланд аз 28-уми ноябр то 12-уми декабр миёни беҳтарин муштзанони қораи Осиё доир мегардад. Дар мусобиқа беш аз 200 муштзан (132 мард, 82 зан) аз 21 кишвари Осиё ширкат доранд.