Меҳрубон Сангинов шикастнопазир аст

Меҳрубон Сангинов   шикастнопазир аст

Муштзани маъруфи тоҷик - Меҳрубон Сангинов   ин навбат дар шоми бокс дар шаҳри Майамии штати Флорида бо   намояндаи Амрико - Клеотис Пендарвис ба ринг баромад. Дар ин набард   варзишгари тоҷик бо бартарии   зиёд ва хулосаи якдилонаи доварон   пирӯз гардид. Ба андешаи Меҳрубон натиҷаи ин қувваозмоӣ барояш муҳим аст. Зеро ин имкон медиҳад, то дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеашро беҳтар намоянд. Ёдовар мешавем, ки Сангинов аз соли 2016 инҷониб дар дар бокси ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекуанд. То ин муддат ӯ 9 муҳориба гузаронида, дар 8 тояш пирӯз гардидааст. Яктои дигарро бошад мусовӣ намудааст. Рақиби ӯ Пендарвис бошад, аз соли 2004 дар бокси касбӣ аст. 30 бор ба ринг баромада, ба номаш 21 ғалаба, 6 мусовӣ ва 3 шикастро сабт кард.