Медалҳои Бозиҳои олимпии Париж -2024 иваз карда мешаванд

Медалҳои Бозиҳои олимпии  Париж -2024  иваз карда мешаванд

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) изҳор дошт, ки медалҳои нуқсондори Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж бо медалҳои шабеҳ иваз карда мешаванд.

"Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 бо “Monnaie de Paris” (Идораи давлатии тангаҳои Фаронса), муассисаи масъули истеҳсол ва назорати сифати медалҳо, барои арзёбии ҳама гуна шикоятҳо дар бораи медалҳо ва фаҳмидани вазъият ва сабабҳои он ҳамкории зич дорад, – гуфтааст КБО ба Агентии “Франс Пресс”. – Медалҳои нуқсондорро ба таври мунтазам “Monnaie de Paris” иваз мекунад. Ин раванд бояд ҳафтаҳои оянда оғоз гардад".

Аммо як масъули “Monnaie de Paris” истилоҳи "медалҳои нуқсондор"-ро рад карда, гуфтааст, медалҳои варзишгарон, ки аз моҳи август инҷониб “зарар" дидаанд, аллакай иваз карда шуданд.

- Мо ҳама медалҳои харобшударо иваз кардем ва ин корро ба мисли пештара идома хоҳем дод, – гуфтааст ӯ.

Бино ба гузориши расонаҳо, беш аз 100 медали нуқсондор аз ҷониби варзишгарони норозӣ баргардонда шудаанд. Бархе аз олимпичиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои медалҳои худро мубодила карданд. Яке аз чунин варзишгарон скейтборди амрикоӣ Ниҷаҳ Ҳустон буд, ки рӯзи 29-уми июл дар мусобиқаи скейтбозӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Пас аз даҳ рӯз расми медалашро нашр ва аз сифати он шикоят кард.

Тарҳи медали Олимпиадаи Париж-2024-ро Ширкати заргарӣ ва соатҳои “Chaumet” омода карда, он аз ҷониби “Monnaie de Paris” истеҳсол шудааст. Ҳар як медал як пораи хурди бурҷи Эйфелро дар бар мегирад.

Ёдрас мешавем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 се варзишгари мо – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Давлат Болтаев (бокс) сазовори медали биринҷӣ гаштанд.