Медали Ҷоми ҷаҳон-2018 ба фуруш гузошта шуд

Медали Ҷоми ҷаҳон-2018 ба фуруш гузошта шуд

Медали тиллои Чемпионати ҷаҳон-2018, ки соли гузашта дар Россия баргузор шуда буд, дар музояда бо арзиши 65 000 евро ба фуруш гузошта шуд. Нишони тиллои Чемпионати ҷаҳон-2018-ро мунтахаби Фаронса пас аз пирӯзӣ бар тими Хорватия (4:2) ба даст овард. Номи фурушанда ва харидор хабар дода нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан медалҳои тиллои Ҷоми ҷаҳон-1994 ва Ҷоми ҷаҳон-2002 фурухат шуда буданд.