Медали Сорбон Латипов дар Нурсултон

Медали Сорбон Латипов дар Нурсултон

Варзишгари маъруфи кишвар Сорбон Латипов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард. Мусобиқа 30 ноябр – 1 декабр дар шаҳри Нурсултон бо иштироки 150 варзишгар аз 13 давлат доир гашт. Аз ҷумҳурии мо дар мусобиқаи мазкур 4 варзишгар – Сорбон Латипов (вазни -62кг) дар самбои варзишӣ, Акмал Давлатов (-62кг), Муҳаммад Гуреззода (-68кг), Шаҳром Шералов (-82кг) дар самбои размӣ ширкат карданд ва танҳо ба Сорбон Латифов муяссар шуд, ки соҳиби ҷоиза гардад. Ёдовар мешавем, ки Сорбон аввали моҳи ноябр дар Чемпионати ҷаҳон дар Корея, дар вазни -62кг-и самбои размӣ медали биринҷӣ ба даст оварда буд.