Медали тилло ва нуқраи дастпарварони “Академияи Ювентус”-и Душанбе дар Ҷоми Ҷаҳон

Медали тилло ва нуқраи дастпарварони “Академияи Ювентус”-и Душанбе дар Ҷоми Ҷаҳон

“Академияи Ювентус”-и Душанбе тайи ду сол фаъолияти пурсамар дорад. Дар академияи мазкур мутахассисони хориҷӣ кор карда, кӯдакону наврасонро дар такя ба мактаби футболи итолиёвӣ тамрин медиҳанд.

Аз 10 то 14 июн дар шаҳри Турини Италия 5-умин мусобиқаи байналмилалии “Juventus ACADEMY WORLD CUP” баргузор гардид, ки дар он дастпарварони “Академияи Ювентус”-и Душанбе ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёфтанд. Ба хотири баромади шоиста роҳбарияти академия дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавиеро роҳандозӣ намуд. Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҲХДТ, сарпарастон ва дастпарварони “Академияи Ювентус” бо волидони худ ширкат карданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии “Juventus ACADEMY WORLD CUP” миёни наврасони то 10 сола “Академияи Ювентус”-и Душанбе медали тиллоро ба даст овард. Миёни дастаҳои то 12 сола бошад, зинаи дуюмро касб кард. Ҳамчунин узви дастаи то 14 солаи “Академияи Ювентус”-и Душанбе Довуд Зуҳурзода беҳтарин бозигари мусобиқот эътироф карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти “Академияи Ювентус”-и Душанбе ба волидони   футболбозон барои ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ карда, ба онҳо низ сипосномаҳо тақдим кард.

“Академияи Ювентус”-и Душанбе бо ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ тасмим гирифтааст, ки машғулиятҳоро ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ ба роҳ монда, футболбозони асилро барои мунтахаби кишвар тарбия намояд.