Медали тиллои бозингари "Челси"-ро кӣ дуздид?

Медали тиллои  бозингари "Челси"-ро кӣ дуздид?

“Бегоҳи 14 сентябр, вақте ки ман дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекардам, як гурӯҳи ғоратгарон ба хонаи ман даромаданд. Онҳо якҷоя тавонистаанд сейфи вазнинро, ки дорои баъзе чизҳои шахсӣ буд, ба мошин бор кунанд. Ман ҷавоҳироти худро дар хона нигоҳ намедорам, аз ин рӯ дар сейф медалҳое буданд, медали тиллои Лигаи Чемпионҳо, медали Суперҷоми УЕФА ва медали нуқраи Евро-2020. Ман ин ҷоизаҳоро дар якҷоягӣ бо “Челси” ва тими миллии Англия ба даст овардам", - навиштааст Ҷеймс дар саҳифаи инстаграми худ.