Мэдисон Киз ба даври нимниҳоии мусобиқаи WTA-500 дар Аделаида роҳ ёфт
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқаи WTA-500 дар шаҳри Аделаидаи Австралия Мэдисон Киз аз Амрико ва Даря Касаткина аз Русия ба ҳам омаданд.
Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 58 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 1:6, 3:6 ба фоидаи теннисбозбонуи амрикоӣ анҷом ёфт.
Дар ҷараёни рақобат ректкаи 20-уми ҷаҳон Мэдисон Киз нисбат ба ракеткаи 9-уми ҷаҳон Даря Касаткина рӯи корт фаъол буд ва имтиёзҳои лозимаро ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки Мэдисон Киз бо Людмила Самсоноваи дигари рус барои роҳхат ба даври ниҳоии мусобиқот дар Аделаида рақобат мекунад.